Skip to content Skip to footer

ВОСЕЪ  ДАР МАСИРИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ

  Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ корҳои бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ бо маром идома доранд.

Соҳибкорону сокинони ватандӯсти деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо саҳмгузории дастҷамъона дар татбиқи ташаббусҳои созанда фаъолона иштирок намуда, баҳри беҳтарсозии шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори деҳот иқдомҳои судмандро амалӣ карда истодаанд.

Аз ҷумла, сокинон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳамбастагӣ мумфаршкунии роҳҳои мошингарди маҳаллиро ҳамчун яке аз ҳадафҳои муҳим дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муайян намудаанд. То имрӯз марҳилаи сангфаршкунӣ ва устуворгардонии зерқабати роҳҳо ба анҷом расида, ҳоло корҳои бетонрезии ҷӯйборҳои обрав дар ду ҷониби кӯчаҳои деҳа бо суръати баланд идома доранд.

Масъулон мегӯянд, пас аз анҷоми корҳои бетонрезӣ, дар рӯзҳои наздик раванди мумфаршкунии роҳҳо оғоз мегардад. Ба иттилои манбаъ, чунин иқдомҳо дар ҳудуди тамоми деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Гулистон низ бо вусъат ҷараён доранд.

Ҳашари дастҷамъона ва иштироки фаъоли сокинон дар корҳои ободонӣ нишонаи эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳаммаромӣ ва ифтихор аз сулҳу суботи кишвар арзёбӣ мешавад. Ин иқдом ҳамзамон бозгӯи анъанаҳои неки инсондӯстона, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ба гуфтаи масъулон, татбиқи чунин ташаббусҳо на танҳо симои зоҳирии деҳаро зеботар месозад, балки рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҷомеаро таҳким бахшида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум замина мегузорад.