Сокинони шарафманди маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар раванди корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар ҳудуди шаҳр бунёди иншооти гуногунсоҳа бо маром идома дорад.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Нақшаи чорабиниҳо аз 301 банд таҳия гардидааст, ки сохтмон ва азнавсозии биноҳои ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, китобхонаҳо, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, инчунин роҳу пулҳои мошингузар ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад.
Тибқи маълумот, аз соли 2022 то семоҳаи аввали соли 2026 дар шаҳри Хоруғ 277 иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор гирифта, 92 фоизи нақшаи пешбинишуда иҷро шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии давлат — саноатикунонии босуръати мамлакат, дар се моҳи аввали соли 2026 дар шаҳри Хоруғ як корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 61 адад расонида шуд. Ин иқдом ба рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозор бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари ин, рушди соҳаи маориф низ дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.
Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шаҳри Хоруғ дар самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, имрӯз сокинони он дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёр талош меварзанд.

