Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» Ниммарафони XVI байналмилалӣ бо иштироки васеи варзишгарони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ, дар баробари варзишгарони тоҷик, намояндагони кишварҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон низ ширкат варзиданд.
Дар маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ баромадкунандагон аз рушди варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва саҳми роҳбарияти шаҳр дар пешрафти соҳа ёдовар шуданд.
Сипас, мусобиқаҳои дав ба масофаҳои 5 ва 21 километр дар фазои тантанавӣ ва рақобати солим оғоз гардиданд. Иштирокчиёни масофаи 5-километрӣ бо рӯҳияи баланд ба хатти марра расида, ҷойи аввалро донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов соҳиб гардид.
Ниммарафони 21-километрӣ аз назди «Наврӯзгоҳ» оғоз шуда, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то терминали Чорбоғ идома ёфта, бо бозгашт ба нуқтаи оғоз анҷом пазируфт. Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаҳои Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил буда, барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди варзиш дар пойтахт нақши муҳим дорад.

