Дар саҳни Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо шукуҳи хос баргузор гардид, ки дар он кадбонуҳои моҳир аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.
Тибқи шартҳои озмун, дастурхонҳои рангини идона ороста шуданд, ки дар онҳо намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ, нонҳои танӯрӣ, хӯришҳои маҳаллӣ ва ғизоҳои хоси минтақаи Шамсиддин Шоҳин пешкаши ҳозирин гардиданд.
Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, ки мутобиқ ба талаботи озмун нозукиҳои ороиши дастурхон ва тарзи омода намудани ғизоҳои солимро муаррифӣ намояд.
Озмуни мазкур аз номинаҳои гуногун иборат буд, аз ҷумла пухтани таомҳои миллӣ ва хоси минтақаи Кӯлоб, намоиши навъҳои гуногуни нон ва маҳсулоти нонӣ, ороиши дастурхони субҳона ва идона, инчунин муаррифии таърихи ғизоҳо, ки ҳар як иштирокчӣ дар ин бахшҳо маҳорати худро нишон дод.
Иштироки кӯдакони хушзабон бо сарулибоси зебои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва чаканҳои рангоранг, ба фазои озмун шукуҳу таровати хос бахшид. Ҳузури наврасон собит сохт, ки тарбияи худшиносиву ватандӯстӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ аз овони хурдсолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба роҳ монда шудааст.
Чорабиниро барномаи ҷолиби фарҳангӣ боз ҳам рангинтар намуд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои дилнишин ва рақсҳои зебо хотири иштирокчиён ва меҳмононро шод гардонида, ба озмун фазои идона бахшиданд.
Ин омезиши ҳунари кадбонугӣ ва санъати миллӣ нишонаи арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёгон арзёбӣ гардид.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ ҳайати ҳакамон ба маҳорати бонувон баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд. Дар фазои тантанавӣ, ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол барои маҳорати баланди ҳунарӣ бо туҳфаҳои арзишманд ва Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қадрдонӣ гардиданд.
Ин чорабинӣ бори дигар собит намуд, ки занони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин на танҳо дар рӯзғордорӣ, балки дар ҳифз ва тарғиби фарҳанги миллӣ низ саҳми арзанда доранд.

