Шаҳри Душанбе аз 14-ум то 18-уми апрели соли 2026 мизбони яке аз ҳамоишҳои сатҳи баланд, Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад. Форуми мазкур дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷуимҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҷиҳати омодагӣ ба ин ҳамоиши бузург ва дар сатҳи баланд доир намудани он дар донишгоҳ ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар кори он роҳбарияти донишгоҳ баромад карда, зикр намуд, ки Форум платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳо ва қарорҳои «ҳушманд» муттаҳид месозад.
Дар доираи форум гузаронидани беш аз 23 чорабинӣ аз қабили саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар барномаи форум таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳое бахшида мешавад, ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.Интизор меравад, ки дар форум роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳайати дипломатӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва таҳлилӣ, сохторҳои соҳибкорӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи коршиносон, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин гурӯҳҳои ҷавонони ташаббускор иштирок намоянд.
Форум ба тақвияти ҳамкории устувори байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва соҳибкорӣ, рушди ҷавонон ва навовариҳо, инчунин таҳкими нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази эътирофгардидаи минтақавӣ ва байналмилалии рушди устувор равона гардидааст.Саҳни бинои донишгоҳ низ баҳри истиқболи меҳмонони форум, бо гулҳои рангоранг ва ороишҳои гуногун, зебу зиннат дода шуда, ҳамарӯза корҳои ободонию гулшинонӣ аз ҷониби масъулини бахши ободонӣ ҷараён дорад.

