Skip to content Skip to footer

ИФТИТОҲИ НАМОИШИ «ЧИЛ КАЛИД» ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Имрӯз, 04.04.2026 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиши бадеӣ таҳти унвони «Чил калид» баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти омӯзгории Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов бахшида шуда, бо иштироки васеи аҳли илму фарҳанг, санъатшиносон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дӯстдорони санъати тасвирӣ ҷараён гирифт.

Дар қисмати ифтитоҳии расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиро дар муаррифии арзишҳои миллӣ ва рушди санъати тасвирии муосири тоҷик муҳим арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки намоиши «Чил калид» ҳамчун падидаи назаррас дар ҳаёти фарҳангии кишвар, бозгӯкунандаи таҷрибаи ғании эҷодӣ ва омӯзгории Анваршо Сайфудинов мебошад.

Дар намоиш 172 асари нодир, ки маҳсули заҳмати бисёрсолаи устод ва шогирдони ӯ мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Меҳвари асосии намоишро мусаввараҳои Анваршо Сайфудинов дар сабки абстраксионизм ташкил медиҳанд. Ин асарҳо бо услуби хос, истифодаи моҳиронаи рангҳо ва умқи фалсафии худ фарқ карда, бинандаро ба дарки маъноҳои рамзӣ ва ҷаҳони ботинии ҳунар раҳнамун месозанд.

Ҳамзамон, дар намоиш офаридаҳои шогирдони устод — Муноҷот Бойматова, Давлат Абдуазизов ва Муҳаммадҷон Ҳикматзода низ пешкаши тамошобинон гардидаанд. Эҷодиёти онҳо дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, аз ҷумла гобелен, кундал ва наққошӣ пешниҳод шуда, идомаи бомуваффақияти анъанаҳои мактаби рассомии устодро инъикос менамояд.

Намоиши «Чил калид» на танҳо натиҷаи ним асри фаъолияти омӯзгории рассом, балки инъикосгари равандҳои таҳаввул ва рушди санъати муосири тоҷик дар даврони Истиқлол мебошад. Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии мактаби эҷодии Анваршо Сайфудинов ва нишон додани робитаи зичи анъанаҳои миллӣ бо равияҳои муосири ҳунарӣ арзёбӣ мегардад.

Намоиши «Чил калид» аз 4 апрел то 4 майи соли 2026 идома меёбад.