Skip to content Skip to footer

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙнАЛМИЛАЛӢ ДАР кУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони телевизиону радиоҳо ва дигар зерсохторҳои Кумита иштирок намуда, дастархони идона, иборат аз ҳафт син ва ҳафт шин оростанд ва бо як шодию нишот ва эҳсоси гарм ҷашни аҷдодиямон Наврӯзи хуҷастапайро таҷлил намуданд.

Дар чорабинӣ Анвар Сафарзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Носир Саидзода суханронӣ карда, иброз намуданд, ки Наврӯз ҳофизаи фарҳангии мардуми тоҷик буда, дар худ фалсафаи муносибати инсон бо табиат, ҳамоҳангии ҷомеа ва кайҳон, бедории руҳу табиат инчунин андешаи навсозии доимиро инъикос менамояд.

Зикр шуд, ки ҷашни аҷдодии мо Наврӯз дорои хислатҳои неки инсонӣ аз қабили некию накӯкорӣ, шодию нишот, тозагию покизагӣ, бахшоишу накӯҳиш мебошад ва маҳз ҳамин хислатҳо онро машҳуру маҳбуби оламиён гардонидааст.

Баъдан дар фазои тантанавӣ як қатор кормандон бо нишони «Аълочии телевизион ва радио», инчунин сипосномм Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир барномаи рангини кансертӣ пешниҳод гардид, ки хотири ҳозиринро болида сохт.