Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, бо иштироки роҳбарияти вилоят, кормандони сохторҳои қудратӣ ва сокинони касбу кори гуногун “Дави наврӯзӣ” баргузор гардид.
Чорабинӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, Раиси вилоят тамоми иштирокдоронро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, иброз дошт, ки “Дави Наврӯзӣ”, баёнгари сарҷамъию муттаҳидӣ, саодатмандию сарфарозӣ ва нишона аз сулҳу оромии Ваатани азизамон мебошад.
Зеро дар ин чорабинӣ, на танҳо ҷавонон, балки тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол фаъолона иштирок меварзанд. Аз сӯйи дигар, дар арафаи Наврӯз баргузор намудани “Дави Наврӯзӣ” басо рамзӣ мебошад, чунки варзиш ҷузъи таркибии наврӯзи хуҷастапай мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳар як иқдому чорабиниҳое, ки ҷиҳати инкишоф ва густариши варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешавад, маҳз ба хотири ҳамгироии иҷтимоӣ, таъмини суботи сиёсӣ, оммавигардонии варзиш ва неруманду қавъӣ гардонидани ҷомеа нигаронида шудааст.
“Дави Наврӯзӣ” аз майдони Исмоили Сомонӣ шуруъ шуда, дар назди Боғи Ғалабаи шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид.

