Skip to content Skip to footer

БАРГУЗОРИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК    

    Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Зикр шуд, ки имсол мо ин ҷашни касбиро дар фазои хосса, яъне соли таърихӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем.

Гуфта шуд, ки дар шароити Истиқлолияти давлатӣ низоми матбуоти миллӣ аз лиҳози шакл, муҳтаво ва таъминот таҳаввулоти ҷиддӣ касб намуд. Рушди босуръати технология имконият фароҳам овард, ки фазои иттилоотии мамлакат боз ҳам фарохтар гардад ва дастрасии шаҳрвандон ба иттилои боэътимод бештар шавад.

    Дар ҷараёни ҳамоиш як зумра фаъолон дар бахши матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти илмӣ бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҷоизаи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаи Асадулло Саъдуллоев барои нашрияҳои беҳтарин қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, онҳо мунтазам такмил дода мешаванд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.