Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи маҳфил роҳбарияти Осорхонаи миллӣ оид ба мақому манзалати шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ва нақши он дар адабиёти оламшумули халқи тоҷик ибрози андеша намуда, зикр доштанд, ки яке аз иқдоми шоиста ва наҷибе, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат гирифта шуд, ин бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр ва ба ҳар хонадони тоҷик тақдим гардидании «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад ва имрӯзҳо сокинони ҷумҳурӣ ин шоҳасари безаволро мутолиа мекунанд.
Дар эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ модар ҷойгоҳи махсус дошта, ҳамҷун рамзи меҳру муҳаббат, матонат ва илҳомбахши корнамоиҳои қаҳрамонон тасвир ёфтааст. Дар идомаи маҳфил кормандони Осорхонаи миллӣ аз достонҳои асари ҷовидонаи «Шоҳнома» қироат намуда, саҳнаҳоеро ба ёд оварданд, ки дар онҳо нақши модар дар тарбияи фарзандони шуҷоъ ва ватандӯст равшан инъикос ёфтааст.

«Шоҳнома» ҳамчун бузургтарин ёдгории таърихию адабии ҷаҳони тоҷику форс давоми ҳазорсолаи охир манбаи илҳом, худшиносӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардидааст. Ин асари безавол бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро ба наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ мекунад. Дар фарҷом қайд, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар самти тарғиби мероси адабӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши осори классикӣ минбаъд низ дар осорхонаи миллӣ идома меёбад.

