Skip to content Skip to footer

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “КАНӢ ДУХТАРОН”  ДАР ХОРУҒ

  Дар доираи таҷлили сазовор аз “Рӯзи модар” ва ҳамчунин, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ миёни насли наврас, бахусус  ҷавондухтарон  дар шаҳри Хоруғ  озмуни “Канӣ духтарон” баргузор гардид.  

       Озмун  миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Хоруғ  баргузор гардида, дар он ҷавондухтарон аз рӯи 5 номинатсия  баромад намуданд.

       Намоиши либоси миллӣ, ки яке аз шартҳои  асосиии озмуни  мазкур буд, ҷавондухтарон  либосҳои хоси  минтақаҳои кишварро  ба намоиш  гузоштанд. Воқеъан либоси миллӣ  яке аз омилҳои  асосии муаррифкунандаи  фарҳанги  миллӣ  ба ҳисоб меравад. Барои иҷрои  шарти мазкур иштирокдорон  имтиёзҳои баландро  ба даст оварданд.

Мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур ҷалб намудани ҷавондухтарон ба тарғибу ташвиқи арзишҳои неки ниёгон, баланд бардоштани завқи зебоипарастии онҳо, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ва дарёфт намудани истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавондухтаронэҳтиром  ба арзишҳои миллӣ  муаррифии шоистаи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби насли наврас ба эҷодкориву созандагӣ арзёбӣ шуд.

         Дар натиҷа  баҳогузории аъзои ҳакамони озмун ғолибон ва иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.