Бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба таҷлили 23 феврал — Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Зикр шуд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ–барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодиву соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии кишвар, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд ва имрӯз ин сохтор ба як сипари боъэътимоди давлату миллат табдил ёфтааст
Дар идома як қатор сарбозон бо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

