Бо наздик омадани фасли баҳор ва беҳтар гардидани шароити иқлимӣ, мавсими нави сайёҳӣ оғоз мегардад. Яке аз минтақаҳои сайёҳие, ки дар ин фасл сайёҳон бештар аз он дидан менамоянд — ин вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Ин вилоят ҳамчун яке аз минтақаҳои дорои захираи бойи таърихию фарҳангӣ ва табиӣ аҳамияти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ касб мекунад. Ин раванд на танҳо нишондиҳандаи фаъолшавии бозори химатрасониҳои сайёҳӣ, балки омили муҳими таҳкими иқтисоди маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муоррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Гузориш дар ин бора:
Бо фаро расидани мавсими нави сайёҳӣ, вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои дорои захираҳои бойи таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мавқеи худро дар харитаи сайёҳии кишвар боз ҳам таҳким мебахшад. Оғози мавсим на танҳо ба афзоиши ҳаракати сайёҳон замина мегузорад, балки нишондиҳандаи сатҳи омодагии инфрасохтор, рушди хизматрасониҳо ва татбиқи навовариҳо дар соҳа мебошад.
Дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи дорои иқтидори баланд арзёбӣ мегардад. Ин минтақа дорои мавзеъҳои зиёди таъррихию сайёҳӣ мебошад — аз ҷумла, ёдгории таърихии Аҷинатеппа, ки ҳамчун маркази тамаддуни буддоӣ шинохта мешавад, ҳамасола таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд. Мавзеъи дигари сайёҳии Хатлон Чилучорчашма мебошад, ки ҳамчун макони муқаддас имконияти васеъ барои рушди сайёҳии экологиро фароҳам меорад. Дар баробари ин, шаҳрҳои таърихии Кӯлоб ва Бохтар ҳамчун марказҳои фарҳангӣ ва маъмурӣ бо инфрасохтори рушдёбанда ба қабули сайёҳон мусоидат менамоянд.
Мавҷудияти осорхонаҳо, меҳмонхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва роҳҳои нақлиётии дастрас омили муҳими ҷалби сайёҳон арзёбӣ мегардад. Ба таъкиди масъулин ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва таблиғи имкониятҳои сайёҳӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори соҳа арзёбӣ мегардад.
Бо вуҷуди ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои истифодаи пурраи иқтидори сайёҳии вилояти Хатлон зарурати рушди минбаъдаи инфрасохтори хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳо ва тақвияти фаъолияти таблиғотӣ боқӣ мемонад. Дар ин замина, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ аҳамияти калидӣ дорад, ки рушди устувори соҳа аз татбиқи сиёсати муассири соҳавӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда вобастагии мустақим дорад.

