Дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, собиқадорон ва намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Қабл аз ҷамъомади тантанавӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз намоиши дастовардҳои матбуоти даврии маҳаллӣ, ки идораи нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ ороста буданд, боздид намуданд.
Гуфта шуд, ки заҳмати шабонарӯзии кормандони воситаҳои ахбори омма ва аҳли эҷоди Хатлонзамин дар вазъи кунунии таҳавулоти геосиёсӣ ва бо суръати баланд тағйир ёфтани фазои иттилоотии ҷаҳонӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят баланд қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, иброз шуд, ки намояндагони ВАО дар инъикоси корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми назаррас мегузоранд.
Дар анҷоми ҳамоиш маросими тақдими Ҷоизаҳои адабии ба номи “Шамсиддин Шоҳин”, “Носири Хусрав” ва “Соҳиб Табаров”, инчунин Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои беҳтарин маводи журналистӣ “Нерӯи сухан” доир гардид.

