Skip to content Skip to footer

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд

Дар доираи омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва дар партави ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳо оид ба захираҳои об ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии рушди устувор Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паём ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар паём аҳамияти об ҳамчун асоси ҳаёт, рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика ва шукуфоии иқтисодӣ таъкид гардид. Ҳамзамон ба зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ишора карда шуд.

«Ғамхорӣ нисбат ба об — ғамхорӣ баҳри ояндаи муштараки мост», — таъкид гардид дар паём.

Вазири корҳои хориҷӣ маротибаи  дигар ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро даъват намуд, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе иштирок намоянд.