Skip to content Skip to footer

Дар Данғара Мусобиқаи байналмилалии парапланерӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз гардид

Дар фазои бошукӯҳ ва тантанавӣ дар ноҳияи Данғара маросими расмии ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии варзиши парапланерӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ барои рушди варзиши ҳавоӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим аҳамияти хоса дорад.

Мусобиқа дар манотиқи кӯҳии ноҳияи Данғара аз рӯи ду намуд — фурӯдоии дақиқ ва парвози масофавӣ баргузор гардида, дар он беш аз 150 нафар варзишгар аз зиёда аз 20 давлати ҷаҳон ширкат доранд.

Пас аз анҷоми қисмати расмӣ, парвозҳои намоишӣ бо иштироки варзишгарон аз кишварҳои гуногун баргузор шуда, фазои идонаро рангоранг ва хотирмон гардонид.

Мусобиқаи имсола ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, то 4 май идома меёбад.