Skip to content Skip to footer

АЗ АНЪАНА ТО ҲУНАР: САҲМИ ГУЛБОНУ НАВРӮЗОВА ДАР ЭҲЁИ АТЛАСУ АДРАСБОФӢ

 

Ҳунармандӣ барои зан на танҳо василаи рӯзгор, балки мояи ифтихор, мустақилият ва муаррифии фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Гулбону Наврӯзова, сокини деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз зумраи занони ҳунарманде мебошад, ки бо меҳнати ҳалол ва маҳорати баланд ҳунари қадимаи атласу адрасбофиро идома дода, дар ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ саҳми арзанда мегузорад.

Гулбону Наврӯзова солҳои зиёд аст, ки ба ҳунари атласу адрасбофӣ машғул буда, бо маҳорати хос матоъҳои хушсифати миллӣ истеҳсол менамояд. Ӯ аз касби интихобкардаи худ ифтихор дошта, имрӯз барои омӯзиши ҷавонон ва ҷалби насли нав ба ҳунарҳои мардумӣ талош мекунад.

Бо мақсади рушди ҳунарҳои аҷдодӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, ҳунарманд дар манзили истиқоматиаш коргоҳи ҳунармандӣ таъсис додааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ӯ бо нақшу нигори миллӣ, сифати баланд ва рангорангии ҷолиб миёни харидорон маҳбубияти зиёд дорад.