Skip to content Skip to footer

Ҳунармандони тоҷик дар Форуми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд

03.02.2026 /. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент  дар  Форуми 2-юми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунарҳо дар иқтисоди эҷодӣ», ки аз 1 то 3 феврал дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки зимни чорабинӣ гӯшаи махсуси Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҳунари машҳури гулдӯзии сӯзанӣ омода гардида,  ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳувият ва мероси фарҳангии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Бояд таъкид намуд, ки форуми мазкур ба баррасии нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таҳкими устувори иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ, рушди устувор ва навоварӣ, инчунин афзоиши аҳаммияти онҳо дар доираи стратегияҳои миллию минтақавии иқтисоди эҷодӣ равона гардидааст. Дар доираи чорабинӣ барномаи фарогири фарҳангӣ, ҳамзамон намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҷаласаҳои мубодилаи дониш бо иштироки ҳунармандон аз кишварҳои мухталиф баргузор мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи форум тақвияти омӯзиши байниминтақавӣ, густариши муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории фарҳангӣ, инчунин таҳкими шабакаҳои байналмилалие мебошад, ки ба дастгирии ҷомеаҳои ҳунармандон, мутахассисони соҳаи эҷодӣ ва созмонҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ равона шудаанд.