Ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар доираи Форуми III -юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид карданд.
Истиқболи ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар доираи Форуми III -юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо расму ойини тоҷикона гарму самимӣ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, густариши робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Узбекистон, барои мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат аҳаммияти муҳим дорад.
Қайд гардид, ки чунин ҳамкориҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамгироии илмӣ-таълимӣ миёни ду кишвар мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот вобаста ба Форуми байналмилалӣ дар мавзуи “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: сабз, рақамӣ, ҳушманд”, ки рӯзҳои 14-18 апрели соли 2026 дар Донишгоҳи байналмиалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, маълумот дода шуд.
Зимни шиносоӣ роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмонон имконияту зарфиятҳои таълимӣ, илмӣ ва инфрасохтории донишгоҳро муаррифӣ намуда, доир ба таҷрибаи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисодиёт, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар доираи ин сафар байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Зикр шуд, ки татбиқи созишномаҳои имзошуда барои роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ, мубодилаи устодону донишҷӯён, гузаронидани тадқиқоти илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат хоҳанд кард. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи самараноки созишномаҳои баимзорасида изҳор намуда, чунин ташаббусҳоро қадами муҳим дар роҳи рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ карданд.

