Таъриху тамаддуни миллати тоҷик, ки реша дар фарҳанги бостонии ориёӣ дорад, бо ташаббусҳои созандаву фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои милливу фарҳангӣ ва мардумии халқи тоҷик аз нав эҳё гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кардааст. Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи муғ”, ки таърихи 2500 сола дорад, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат бо нишони қадршиносию аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанги бою қадимаи мардуми тоҷик азнавсозӣ карда шуд.
Тибқи иттилоъи бахши сайёҳии шаҳри Истаравшан дар соли 2025 ба ин шаҳри бостонӣ 21 ҳазору 844 сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аксари онҳо ба тамошои Қалъаи муғ баромадаанд.
Дар ояндаи наздик “Муғтеппа”, ки аз макони диданию тамошобоби сайёҳони ватанию хориҷӣ аст, боз ҳам таваҷҷухи меҳмононро зиёдтар ба худ ҷалб хоҳад кард. Зеро, растаҳои ҳунармандони шаҳр аз кӯчаю бозорҳо пурра ба ин макони ёдгории таърихӣ интиқол хоҳад ёфт, ки аллакай 43 адади он барои қабули ҳунармандон омода шудааст.
Истаравшан аз аҳди қадим дар масири “Роҳи абрешим” қарор дошт, ки то кунун онро аз нигоҳи ҷуғрофӣ яке аз марказҳои рушдкардаи сайёҳӣ дар кишвар ва берун аз он баҳо медиҳанд. Ҳоло дар шаҳр 5 осоишгоҳ, 153 ёдгориҳои таърихӣ ва беш аз 160 намуди касбу ҳураҳои мардумӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоме аз инҳо дар мураррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муассиру созгор доранд.
Яке аз санаҳои фараҳафзо барои сокинони Тоҷикистон, хосатан барои бахши рушди сайёҳии шаҳри Истаравшан ва ҳунармандони ин мулки бостонӣ он аст, ки соли 2024, якумин Фестивали байналмилалии ҳунармандии «Озар» дар ин сарзамин доир гардид, ки намояндаҳои 19 давлати дунёро ба ҳам овард. Намоиши сатҳи байналмилалӣ имкон дод, ки аъзоёни раёсати Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва корпусҳои дипломатӣ ба ҳунари волои сокинони шаҳр ошно гашта, бо як хулосаи умум Истаравшанро “Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ” эълон доштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин кӯшишу заҳматҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сиёсати фарҳангдӯстонаву дурбинонаи роҳбари давлат маншаъ гирифта, бо чунин равиш Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари мутараққӣ дар самти сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт.

