Skip to content Skip to footer

ТАЛАБОТ БА ХУШКМЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХОРИҶ АЗ КИШВАР

Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия бо ташаббуси соҳибкори тоҷик ду мағозаи фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз Тоҷикистони биҳиштосо ҳамчун истеҳсолкунандаи хушкмеваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатӣ фоидаовар эътироф гардида, бино ба иттилои дастрасгардида, дар корхонаҳои коркард ва истеҳсоли хушкмеваи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қариб 80 номгӯй маҳсулот истеҳсол мегардад.

Тавре дар хабар зикр гардидааст, дар ин мағозаҳо хушкмеваҳои Тоҷикистон, аз ҷумла донаи зардолу, ғулинг, тут, чормағз, хуч, мавиз, себу нок, меваҳои консервашуда, полезиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза, инчунин маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ пешниҳоди харидорон мегарданд.

  Содирот ва фаъолияти мағозаҳои мағозаи фурӯши маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон  дар хориҷ аз кишвар дар муаррифии иқтидори истеҳсолии мамлакат ва ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба маҳсулоти ватанӣ нақши муҳим дорад.