Skip to content Skip to footer

         НАВРӮЗ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ

Наврӯз, аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст. Ин ҷашни таърихӣ маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар эҳё ва ҷаҳонӣ гардид. Аз нигоҳи дигар ҷашни Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳӣ дар ҷалби сайёҳон ба кишвар мусоидат менамояд.

         Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд.  

       Соли равон дар доираи баргузории ҷашни Наврӯз танҳо дар пойтахти кишвар барузории якчанд чорабинӣ, аз қабили Фестивали байналмилалии сайёҳии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ”,  Форуми V — уми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ”, маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, консерти идона бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт, Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” ба нақша гирифта шудааст.   Баргузории чунин чорабиниҳои бошукуҳ дар кишвар омили ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.