Хабарнигорони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳӣ ва энергетикии Тоҷикистон аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе сафарро ба самти шаҳри Норак идома доданд. Ҳҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳри Норак бо расми хоси тоҷикона пешвоз гирифтанд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти неругоҳ ба меҳмонон доир ба аҳамияти он дар таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва мавзеи зебоманзари неругоҳ маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамчунин ба хабарнигорони Қирғизистон вобаста ба таърихи бунёди неругоҳ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷдиду навсозии ин иншооти муҳими Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Таъкид гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» дар дарёи Вахш бунёд гардида, дар он 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт-ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон то 27 март идома меёбад ва онҳо ҳамчунин мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Варзобро тамошо менамоянд.
Ҳадафи асосии сафар таҳкими ҳамкории иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мегардад.
Дар доираи сафар хабарнигорони Қирғизистон дар намоишҳои Ҷашни байналмилаии Наврӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор низ иштирок намуда, бо суннату ойинҳои қадимии Наврӯз, расму анъанаҳои миллӣ ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.
Меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ боздид карда, ба фазои идонаи наврӯзӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.

