Skip to content Skip to footer

«DUSHANBE NAVRUZ FEST» — имконияти беҳтарини ҷалби сайёҳон ба кишвар

4 апрел, аз соати 15:00 то 22:00  бо мақсади фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон, инчунин муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад. Дар ин хусус шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.

Фестивал ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Чорабинӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозоршинос» баргузор гардида, ҳамоҳангсозии он ба зиммаи шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт гузота шудааст.

Барномаи фестивал силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикан пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб ташкил карда мешаванд.

«Dushanbe Navruz Fest» ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт табдил ёфта, барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе фазои идона, фароғати хотирмон ва шиносоӣ бо фарҳангу анъанаҳои миллиро фароҳам меорад.

Маълумоти бештарро оид ба баргузории фестивал метавонед аз саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel), Х (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) дастрас намоед.