Шоми 23 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса намоиши байналмилалии мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии ду чеҳраи барҷастаи тамаддуни тоҷик — Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва Ҳаким Умари Хайём ифтитоҳ гардид.
Намоиши мазкур дар доираи чорабиниҳои байналмилалии марбут ба бузургдошти ин ду нобиғаи тамаддуни башарӣ баргузор гардида, ҳадафи асосии он муаррифии саҳми арзишманди олимону мутафаккирони тоҷик дар рушди илму дониш, фалсафа, тиб, адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ, инчунин тарғибу ташвиқи мероси гаронбаҳои онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар маросими расмии ифтитоҳи намоиш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Оса Регнер иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханрониҳо аҳаммияти гиромидошти мероси илмӣ ва фарҳангии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, нақши онҳо дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, инчунин зарурати ҳифз, омӯзиш ва муаррифии арзишҳои умумибашарӣ таъкид гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ, олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, меҳмонон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Дар бахши намоишии чорабинӣ аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намунаҳои нодири мероси хаттӣ ва фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз ҷумла, нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии осори тиббӣ, фалсафӣ ва илмии Абуалӣ ибни Сино, инчунин маҷмуаҳои рубоиёти Умари Хайём, ки бозгӯкунандаи сатҳи баланди тафаккури илмӣ, фалсафӣ ва адабии ин мутафаккирони бузург мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар баробари осори хаттӣ, таваҷҷуҳи тамошобинон ба намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва мероси амалии фарҳангӣ, аз ҷумла сӯзаниҳо ва ҳотамкориҳои дорои тасвири Абуалӣ ибни Сино, нишонҳои ҷашнӣ, қитъаҳои хушнависӣ ва дигар маводи таърихию фарҳангии марбут ба ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва осори ин ду шахсияти барҷаста ҷалб гардид.
Маводи пешниҳодшуда на танҳо арзиши баланди таърихию фарҳангӣ дошта, балки ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзиш ва шинохти мероси зеҳнӣ ва маънавии халқи тоҷик хизмат мекунанд. Онҳо бозгӯи анъанаҳои деринаи илму дониш, фарҳанги китобдорӣ, хаттотӣ, ҳунармандӣ ва робитаи ногусастании тамаддуни тоҷик бо равандҳои ташаккул ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ мебошанд.
Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин намоишҳои байналмилалӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО иқдоми муҳим дар роҳи муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин гуна ташаббусҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, густариши муколамаи тамаддунҳо, тарғиби арзишҳои умумибашарӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саҳми фарзандони барӯманди миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
