Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 27 ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс-Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём силсилачорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Чорабиниҳо бо иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони вазорати фарҳанг, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, олимону донишмандон ва ҳунармандони тоҷик гузаронида мешаванд.
Дар доираи барномаи мазкур чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
23 ноябр — Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абуалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ», инчунин маросими ифтитоҳи намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём.
24 ноябр — Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём: аҳаммияти ҷаҳонӣ ва пажуҳишҳои муосир», инчунин зиёфати расмӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
25 ноябр — барномаи фарҳангӣ ва консерти ҳунармандони тоҷик дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо мақсади муаррифии мероси ғании мусиқӣ ва анъанаҳои ҳунарии халқи тоҷик.
27 ноябр — консерти ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Париж.
Ҳадафи асосии ин ташаббус муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ ва адабии Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём, арҷгузорӣ ба саҳми таърихии онҳо дар рушди илму тамаддуни башарӣ, таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг мебошад.
Силсилачорабиниҳои мазкур дар қароргоҳи ЮНЕСКО барои таҳкими дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таъкиди нақши тамаддуни тоҷику форс дар рушди афкори илмӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ аҳаммияти хос доранд.
