Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи XIV байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки дар он беш аз 30 муассисаи нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар давлатҳо бо теъдоди зиёда аз 16 ҳазор нусха 2 ҳазор номгӯй китобро пешниҳоди сокинон ва меҳмонон гардониданд.
Дар намоиш-фурӯши китоб намояндагони гуногункасб, аҳли зиё ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар чорабинӣ ноширони ватанӣ — муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», Нашриёти «Муосир», «Эр-граф», «Шарқи Озод» китобҳои тозанашрро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар иброз намуд, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи соҳаҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобу китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид».Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ ва нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
