26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант ба фаъолияти се коргоҳи нави истеҳсолии ҶДММ «Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант» оғоз бахшиданд.
Коргоҳҳои истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳ, ашёи хоми маводи шустушӯӣ ва мебели инноватсионӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, намунаи амалии рушди истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб мераванд.
Иншооти нави истеҳсолӣ дар масоҳати умумии 2,8 гектар қомат афрохта, корҳои сохтмонии онҳо аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида буданд. Бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ корҳо дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуданд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ барои 100 нафар сокини маҳаллӣ ҷойҳои кори муваққатӣ фароҳам оварда шуда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани коргоҳҳо 60 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфт. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои нави иқтисодӣ барои сокинони маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти коргоҳҳои нав истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба раванди истеҳсолот, имкониятҳои техникии он ва сифати маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ба роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як моҳ 15 тоннаро ташкил дода, он нахустин коргоҳи махсуси истеҳсоли ранги хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард дар кишвар ба шумор меравад. Ашёи хом пурра аз дохили кишвар дастрас мегардад.
Пештар қисми зиёди ин гуна маҳсулот ва ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Акнун истеҳсоли он дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки талаботи соҳаи роҳсозӣ ба маҳсулоти ватанӣ таъмин гардида, вобастагӣ аз воридот коҳиш ёбад.
Муҳимтар аз ҳама, истифодаи рангҳои босифат барои аломатгузории уфуқии роҳҳо ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат мусоидат мекунад. Хатҳои равшан ва ба таъсири омилҳои муҳити зист тобовар ба ронандагон ва дигар иштирокдорони ҳаракат, махсусан шабона ва дар шароити номусоиди обу ҳаво, барои дуруст муайян намудани самти ҳаракат кумак мерасонанд.
Дар коргоҳи дигари истеҳсолӣ ашёи хоми маводи шустушӯйӣ истеҳсол карда мешавад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як моҳ 10 тоннаро ташкил дода, 70 фоизи хокаи он дар дохили кишвар истеҳсол мегардад.
Истеҳсоли ашёи хом дар дохили кишвар барои рушди корхонаҳои истеҳсолкунандаи собун ва дигар маводи шустушӯӣ замина фароҳам оварда, имконият медиҳад, ки қисми бештари маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз ашёи хоми истеҳсоли ватанӣ ба бозор пешниҳод карда шавад.
Коргоҳи сеюм ба истеҳсоли мебели инноватсионӣ машғул буда, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир маҳсулоти гуногуни мебелӣ истеҳсол мекунад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як моҳ 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо истеҳсоли намудҳои гуногуни ашёи рӯзгор, мизу курсӣ барои хона ва утоқҳои корӣ, ҷевонҳои хоб ва дигар маҳсулоти мебелӣ ба роҳ монда шудааст.
Истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсоли мебел имконият медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва тарҳи замонавӣ омода карда шавад.
Маҳсулоти ҳарсе коргоҳ мутобиқ ба талаботи муосир истеҳсол шуда, ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани ҳаҷми воридоти молҳои монанд мусоидат менамояд.
Мавриди зикри хос аст, ки қаблан як қисми ашёи хоми барои истеҳсоли чунин маҳсулот зарурӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Акнун баъди ба фаъолият оғоз намудани коргоҳҳои нав имконият фароҳам омадааст, ки истеҳсоли як қатор ашёи хом ва маҳсулоти зарурӣ дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳҳо аз бахшҳои асосии истеҳсолӣ дидан намуда, ба раванди технологӣ, сифати маҳсулот, сатҳи омодагии мутахассисон ва имкониятҳои васеъ намудани иқтидори истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки рушди саноати коркард, истифодаи технологияҳои муосир, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад.

