Skip to content Skip to footer

Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ – меҳвари вохӯриҳои тарғиботӣ дар ноҳияи Айнӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, бо ташаббуси Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар ҷамоатҳои деҳоти Урметан, Дар-Дар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ як қатор вохӯриҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.

Зимни вохӯриҳо масъулини Шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ҷалб карданд.

Ҳамзамон, ба иштирокчиён доир ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин нақши ҳар як шаҳрванд дар ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми чорабиниҳо таъкид карда шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳои иттилоотиву маърифатӣ дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, таҳкими эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти коррупсионӣ нақши муассир дошта, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ мусоидат менамояд.