Skip to content Skip to footer

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд

12 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва як қатор масъулини давлатӣ ҷараён гирифт, масоили суръатбахшӣ ба созандагию бунёдкорӣ, омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026 ва 2027 баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сохтмону омодасозии корхонаю муассиса ва иншооти дигар, ки тибқи барномаҳои истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, суръат бахшида шавад.

Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба зимистони пешомад ва ҳам ба соли нави хониш ба тармиму навсозӣ ва таъминоти муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи афзун зоҳир карда шавад.