Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузург ва муқаддаси даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ва тақдирсози миллат ба ҳисоб меравад. Ба ифтихори 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – шоҳкории Пешвои миллат» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории донишгоҳ роҳандозӣ шуда, дар он роҳбарияти донишгоҳ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва намояндагони соҳаҳои гуногун иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ваҳдат рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, некуаҳволии мардум ва омили муҳими пешрафту ободии давлат мебошад. Иштирокчиён нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 барои миллати тоҷик оғози марҳилаи нави ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва рушди давлатдорӣ ба шумор меравад.
Баромадкунандагон ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ба сатҳи дониш, худшиносӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагӣ дорад. Ба андешаи онҳо, танҳо тавассути тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва худогоҳ метавон дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам овард.
Таъкид шуд, ки миллати тоҷик дар давоми 29 соли ваҳдати миллӣ бо такя ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидааст. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ арзёбӣ шуда, шаҳрвандони кишвар барои ҳифзу густариши ин арзиши гаронбаҳо пайваста талош менамоянд.

