Интизор меравад, ки беш аз 300 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 100 рӯзноманигори байналмилалӣ Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе–пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад, инъикос намоянд.
Дар назар аст, ки конфронс аз ҷониби хабарнигорон аз оҷонсиҳои бонуфузи иттилоотии ҷаҳон, шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳо, аз ҷумла «Синьхуа» (Чин), «AL JAZEERA» (Қатар), «Reuters» (Британияи Кабир), «L’Express», «LeMonde» (Британияи Кабир), «Pakistan TV Digital (PTV)» «ABN NewsPakistan», MT Mir, NTV (Русия), «Azertaj» MT Mir, NTV (Русия), Озарбойҷон, «EnviroNews» (игерия), «SociedadedoNoticians» Мозамбик, Eurasian Pravda (Беларус), «Kuon» Камбоҷа, «TuranTales» Лаҳистон ва дигар воситаҳои ахбори оммаи бонуфуз инъикос карда шавад.

