Дар доираи муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии байналмилалӣ, гурӯҳи эҷодии барномаи маъруфи телевизионии «По секрету всему свету»-и шабакаи телевизионии «Русия-1» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, сабти навбатии барномаи худро дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии ватанӣ «АмирТур» аз шаҳри Душанбе оғоз намуданд.
Барномаи мазкур яке аз лоиҳаҳои шинохтаи телевизионии сайёҳӣ дар фазои расонаии Русия ба ҳисоб рафта, тавассути он бинандагон бо фарҳанг, анъанаҳо, табиат ва тарзи зиндагии мардумони кишварҳои гуногуни ҷаҳон ошно мегарданд.
Ҳайати гурӯҳи эҷодиро муҳаррирон, наворбардорон ва барандаи барнома ташкил дода, раванди наворбардорӣ аз омодасозии стендапҳо, сабти манзараҳои шаҳр ва тасвирбардории мавзеъҳои муҳими фарҳангиву сайёҳии пойтахт иборат буд. Ба гуфтаи гурӯҳи эҷодӣ, ҳар саҳна барои таъмини сифати баланд аз кунҷҳои гуногун чандин маротиба ба навор гирифта мешавад.
Гурӯҳи эҷодӣ наворбардориро аз хиёбони Рӯдакӣ оғоз намуда, онро то назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доданд. Ҳамчунин, қисмате аз барнома дар назди Масҷиди марказии шаҳри Душанбе сабт гардид, ки яке аз иншооти муҳими меъмории муосири пойтахт ба шумор меравад.
Қисмати муҳими наворбардорӣ дар маҷмааи фарҳангии Кохи Наврӯз баргузор шуда, гурӯҳи эҷодӣ толорҳои «Дидор», «Аржанг», «Зарандуд» ва «Гулистон»-ро ба навор гирифтанд. Ба гуфтаи ҳайат, ҳашамат ва нақшу нигори нодири ин толорҳо таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб намуда, ҳатто боиси ворид намудани тағйирот ба сенарияи пешакии барнома гардид.
Таъкид мешавад, ки таҳияи чунин барномаҳои байналмилалии сайёҳӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дошта, метавонад дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии мероси таърихиву фарҳангӣ ва баланд бардоштани мақоми сайёҳии кишвар саҳми назаррас гузорад.
Тибқи нақша, гурӯҳи эҷодӣ то 25 май дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон сабти барномаро идома медиҳад. Интизор меравад, ки нашри навбатии барномаи «По секрету всему свету» ҳафтаҳои наздик тариқи шабакаи «Россия 1» пахш гардида, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои табиати нотакрор, фарҳанги ғанӣ ва имкониятҳои васеи сайёҳӣ ба аудиторияи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.

