Skip to content Skip to footer

Ню Йорк: бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр зери унвони «Морхӯр ва гуногунии биологии кӯҳӣ: Тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ барои ҳифзи экосистема ва рушди устувор» чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд, чорабинии мазкур бо ибтикори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Покистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) ва Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ташкил карда шуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо таъкиди намунаи муваффақонаи ҳифзи табиат дар Тоҷикистон  иброз дошт, ки морхӯр (Capra falconeri) на танҳо ҷонвари нодиртарин кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, балки рамзи мероси табиии Тоҷикистон низ мебошад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчунин гуфт, ки Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон кардани 24 май аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «платформаи ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани огоҳӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва ҷалби таваҷҷуҳи сиёсӣ ба ҳифзи экосистемаҳои осебпазири кӯҳӣ»-ро фароҳам овард.

Дар фарҷоми ҳамоиш якчанд самт барои тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла густариши мониторинги илмӣ, татбиқи моделҳои ҳифзи табиат дар сатҳи ҷомеа, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва афзоиши сармоягузорӣ ба таълими экологӣ дар байни ҷавонон пешниҳод карда шуд. Ғайр аз ин, омодагии мамлакат барои баррасии баргузории чорабинии ҷаҳонӣ бахшида ба морхӯр дар шаҳри Душанбе дар соли 2027 изҳор гардид.

Leave a comment