Skip to content Skip to footer

«Беҳтарин усто ва шогирд»: ғолибони фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ дар Душанбе қадрдонӣ шуданд

Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор гардида, ғолибони даври дуюми озмун аз шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ба ҳам овард.

Чорабинӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии «Ирам»-и пойтахт баргузор шуда, муҳити онро маҳсули дасти ҳунармандони соҳибзавқу соҳибмаҳорат оро медод. Дар доираи фестивал беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти косибӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Аснои шиносоӣ бо маҳсули ҳунари иштирокдорон ва ғолибони даври дуюми фестивал-озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба сатҳи баланди ҳунару маҳорати косибон баҳои арзанда дод.

Дар макони баргузории фестивал маҳсулоти оҳангарӣ, заргарӣ, чӯбкорӣ, кандакорӣ, инчунин навъҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла зардузиву гулдӯзӣ, бофандагиву ресандагӣ ва дигар ҳунарҳои қадима ба намоиш гузошта шуданд. Намоиши маҳсулоти ҳунарӣ бозгӯи завқи баланди эҷодӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ арзёбӣ гардид.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал-озмун ташаккули мактаби анъанавии усто — шогирд, рушди мактабҳои суннатии авлодӣ ва оилавӣ, густариши омӯзиши касбу ҳунар бо усули усто-шогирд, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва оммавигардонии беҳтарин суннатҳои ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгириву ҳавасмандсозии ҳунармандон мебошад.

Фестивал-озмун мутобиқи талаботи низомнома миёни ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар се давр баргузор гардида, аз рӯйи чор номинатсия — «Қаннодӣ», «Бофандагӣ ва дӯзандагӣ», «Коркарди чӯб» ва «Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ» роҳандозӣ гардид.

Ҳайати комиссияи фестивал-озмун ба сатҳи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён мутобиқи меъёрҳои муқарраргардида баҳо дод. Дар офаридаҳои ҳунармандон бештар мавзуъҳои ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, истиқлолу озодӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, инчунин мавзуъҳои инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дӯстиву бародарӣ ва сулҳу субот инъикос ёфтанд.

Дар фарҷоми фестивал-озмун ғолибони даври ниҳоӣ бо дипломҳои дараҷаҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин туҳфаҳои хотиравии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.