Ҳамватанони азиз!
Ҳаштоду як сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ақибгоҳ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.
Рӯзи ғалаба бар фашизм ҳамасола аз ҷониби мардумони сулҳпарвари аксари кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, зеро инсоният, хусусан, дар шароити пурҳаводиси кунунӣ қадру қимати сулҳу оромӣ ва адолату инсондӯстиро бештар дарк мекунад ва хотираи неку корнамоиҳои гузаштагони худро, ки озодӣ ва ояндаи дурахшони наслҳои имрӯзаро ҳимоя кардаанд, пос медорад.
Ҷанги дуюми ҷаҳон қариб 80 фоизи аҳолии ҷаҳони ҳамонвақтаро фаро гирифта, боиси ҳалокати миллионҳо нафар аҳолии осоишта гардид.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг фарзандони мардуми Тоҷикистон дар набардҳои ин ҷанг фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар таъмин намудани пирӯзии таърихӣ гузоштанд.
Тоҷикистон, ки аҳолии он дар оғози ҷанг якуним миллион нафарро ташкил медод, зиёда аз 300 ҳазор нафар фарзандони худро ба ҷанг сафарбар намуд.
Зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони набардҳои хунин ҷони худро аз даст дода, қариб 40 ҳазор нафар беному нишон гардиданд.
Барои ҷасорату қаҳрамонӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон 58 ҳазор нафар афсарону сарбозони тоҷик бо ордену медалҳо ва 55 нафар барои мардонагӣ ва шуҷоат бо унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» қадрдонӣ карда шуданд.
Қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони Тоҷикистон таҷассумгари саҳми арзишманди мардуми мо дар ин ғалабаи бузург ва таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад.
Хотираи нек ва ҷонфидоиҳои онҳое, ки аз ҷанг барнагаштаанд, фаромӯш нахоҳанд шуд ва эҳтироми собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша ба ҷой оварда мешавад.
Бояд хотирнишон созам, ки саҳми Тоҷикистон на танҳо дар майдони набард, балки дар ақибгоҳ низ назаррас мебошад.
Занону кӯдакон ва калонсолон, бо вуҷуди азобу машаққати гуруснагӣ ва дигар мушкилоти замони ҷанг, шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҳиссаи арзандаи худро барои расидан ба ғалаба гузоштанд.
Мардуми мо, дар ҳоле ки худашон аз норасоии озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти ҳаётан муҳим танқисӣ мекашиданд, ба майдони ҷанг ғаллаву озуқаворӣ, сару либос ва маблағ мефиристоданд.
Илова бар ин, беш аз 45 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои саноатии минтақаҳои дигари собиқ Шӯравӣ фиристода шуда, қисми зиёдашон аз он ҷойҳо ба ҷанг сафарбар гардиданд.
Ҳамчунин, солҳои ҷанг зиёда аз 100 ҳазор нафар – асосан занону кӯдакон – аз минтақаҳои гуногуни ҷангзада ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд ва сарзамини мо барои онҳо хонаи дуюм гардид.
Имрӯзҳо баъди сипарӣ шудани зиёда аз 80 сол пас аз анҷоми ҷанги фоҷеабор ва даҳшатноктарини асри XX ҷомеаи ҷаҳонӣ боз дар марҳалаи басо мураккаб ва хатарнок қарор дорад.
Махсусан равандҳои хатарбор, аз ҷумла мухолифатҳои шадиди қудратҳои ҷаҳонӣ, амалиётҳои ҷангӣ ва муноқишаҳои мусаллаҳона, авҷ гирифтани мусаллаҳшавии бошитоб, ҷангҳои «гибридӣ» ва «сард», густариш ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиву экстремистӣ ҳаёти осоишта, суботу оромӣ ва рушду пешрафти аҳолии сайёраро ба таври ҷиддӣ халалдор карда истодаанд.
Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гардид, аз оқибатҳои фоҷиабору сангини чунин равандҳо хуб огоҳ мебошад.
Аз ин рӯ, мо ба масъалаи таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоишта дар тамоми ҷаҳон афзалият медиҳем ва ҳамеша ҷонибдори бо роҳҳои осоишта ҳаллу фасл гардидани ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошем.
Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату худшиносии миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон барои ҳар як шаҳрванди огоҳ ва бонангу номус вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад.
Бо итминони комил иброз медорам, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонони ватандӯсту ватанпараст минбаъд низ бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва суботи комили кишварамон неъматҳои бебаҳо – сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагиро ҳифз мекунанд ва таҳким мебахшанд.
Бори дигар иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва сокинони кишварро ба ифтихори 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Ҷашни ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

