Дар шаҳри Душанбе даври дуюми фестивали ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» байни хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, омӯзгорон, устоҳои касбӣ ва ҷавонону наврасон баргузор гардид.
Зимни баргузории фестивал таъкид карда шуд, ки рушди таҳсилоти касбӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Иштирокчиён аз рӯйи равияҳои гуногуни касбӣ, аз ҷумла кафшергарӣ, барқчигӣ, технологияҳои иттилоотӣ, таъмири нақлиёт ва дигар ихтисосҳо маҳорати худро муаррифӣ намуда, донишу таҷрибаи амалии хешро пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.
Таъкид гардид, ки чунин озмуну фестивалҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбият, рушди қобилияти эҷодӣ ва тарбияи мутахассисони соҳибмалака мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ намоиши корҳои эҷодӣ ва ихтироъкории хонандагон баргузор шуда, иштирокчиён маҳсули меҳнати худро ба маъраз гузоштанд.
Дар фарҷоми фестивал ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ ба даври ҷумҳуриявии фестивали «Малакаи касбӣ» роҳхат гирифта, минбаъд барои дарёфти ҷойҳои намоён рақобат хоҳанд кард.

