Skip to content Skip to footer

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав иштирок намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими муаррифии 30 электробуси нав аз ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки то ин давра аз ин ширкат 60 электробус харидорӣ гардида, дар хатсайрҳои пойтахт мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Ширкати муштараки «Акиа Авесто автоматив индастри» фаъолияташро моҳи январи соли 2018 бо банду баст ва истеҳсоли автобуси замонавии тамғаи «Акиа» оғоз намуда, дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2025 байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастрӣ» шартномаи хариди 30 электробуси навбатӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки электробусҳои ватанӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва сардкунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст доранд. Ғунҷоиши умумӣ дар ин электробусҳо 100 мусофирро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад.