Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай шоми 1 май сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расидааст. Дар натиҷа баъзе роҳҳо ва иншооту хонаҳои сокинони маҳаллаҳои шаҳр зери об монданд.
Ин вазъият ҳаракати нақлиёт ва одамонро душвор ва дар бархе ҷойҳо ғайриимкон намуд. Имрӯз, 2 май вазъи ҳаво дар шаҳри Кӯлоб муътадил арзёбӣ гардида, боридани борон ба назар намерасад ва сатҳи ҷараёни сел низ коҳиш ёфтааст. Сел асосан ба кӯчаи Хати роҳ ва кӯчаи Корвонгузар осеб расонида, ҳоло зарари он муайян нагардидааст. Барои бартараф кардани офати табиӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида, масъулони бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгардро дар ин самт вазифадор намудаанд.
Ҳоло корҳои тоза кардани новаҳои бетонӣ ва роҳҳо аз ҷониби масъулон идома дошта, кӯшиш доранд, ки зарари аз офат расидаро сари вақт бартараф созанд. Обуҳавошиносон қаблан ҳушдор дода буданд, ки дар Тоҷикистон то 4 май боронҳои шадид ва омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ пешбинӣ карда мешаванд.

