Шуруъ аз 1-уми апрел дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахти кишвар аксияи ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» бо иштироки занону бонувони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо идома дорад. Аксияи мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба тарғиби либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ равона шудааст.
Дар доираи ин иқдом, дар чорабинии навбатӣ занону бонувони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии иштироки онҳо тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои неки аҷдодӣ ва муаррифии либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги тоҷикон мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ дар як гӯшаи зебои боғ намоиш-фурӯши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, нақшу нигор ва дигар маҳсули ҳунармҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ин иқдом барои сокинон, меҳмонон ва иштирокчиёни аксия имкони хубе фароҳам овард, то бо намунаҳои гуногуни ҳунару фарҳанги миллӣ аз наздик шинос шаванд.
Бояд гуфт, ки аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ҳамасола дар гӯшаву канори кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардида, ба баланд бардоштани эҳсоси худшиносии миллӣ ва пешгирӣ аз тамоюли бегонапарастӣ мусоидат мекунад. Имсол низ ин чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ — атласу адрас ва чакан — то охири моҳи май идома хоҳад ёфт.

