Skip to content Skip to footer

КӮЛОБ: Баргузории ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «ЯК МАТОЪУ САД РАНГ»

Дар шаҳри Кӯлоб даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матоъу сад ранг» бо иштироки ҳунармандон, тарроҳон ва чеварони моҳир баргузор гардид.

Дар доираи чорабинӣ роҳпаймоии идонаи занону бонувон бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан, атласу адрас баргузор шуда, беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ — чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ ва атласу адрасбофӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин фестивалҳо барои эҳёи фарҳанги либоспӯшии миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими худшиносиву ифтихори миллӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии ниёгон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар анҷом беҳтарин ҳунармандон ва тарроҳон бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.