Skip to content Skip to footer

Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор гардид

       Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» бо иштироки доираи васеи намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, шарикони хориҷӣ ва меҳмонони байналмилалӣ баргузор гардид.

         Дар маросими ифтитоҳи Форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони корпуси дипломатии муқимӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, намояндагони вазорату идораҳо ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.

    Тавре зикр гардид, Форум ҳамчун платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди сабз, гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия ва қарорҳои «ҳушманд» муттаҳид месозад.

      Дар идомаи чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар намояндагони дохилу хориҷи кишвар баромад намуда, доир ба нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар таъмини рушди устувор, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ибрози назар карданд.

Таъкид гардид, ки Форум ҳамчун майдони муҳими мубодилаи таҷриба, пешниҳоди ташаббусҳои нав ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди сабз, технологияҳои рақамӣ ва идоракунии ҳушманд хизмат намуда, ба густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

Форум ба тақвияти ҳамкориҳои устувори байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва соҳибкорӣ, рушди ҷавонон ва навовариҳо, инчунин таҳкими нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази эътирофгардидаи минтақавӣ ва байналмилалии рушди устувор равона гардидааст.