10 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи муҳташами “Аммар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Меҳмонхона дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.





