Ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти унвони «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» шоми фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ Тоҷикистонро тарроҳони боистеъдоди тоҷик бо намоиши коллексияҳои «Чакан», «Нури Бадахшон» ва «Навои Хуросон», ки тараннумгари ҳунару маҳорати баланди мероси фарҳангу ҳунари миллии тоҷикон мебошанд, муаррифӣ намуданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ меҳмонон аз намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти расмӣ ва вазорату идораҳои гуногуни кишвари иқомат, вакилони Маҷлиси миллӣ ва аҳли зиё, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Озарбойҷон таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун мероси ғании маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо мардуми дӯсту бародари тоҷику озарӣ ва дигар кишварҳои ҳамсояро муттаҳид месозад. Ҷашни Наврӯз рамзи оғози баҳор ва эҳёи табиат буда, мардумро ба ҳамдиливу созандагӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамзамон барои меҳмонон суфраи наврӯзӣ иборат аз ҳафтсин ва ҳафтшин ороста шуда, суруду таронаҳои дилнишини санъаткорони маъруфи тоҷик ва озарӣ табъи ҳозиринро шод намуданд.

