Skip to content Skip to footer

ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ БАХШИДА  БА 148  — СОЛАГИИ устод Садриддин Айнӣ мизи мудаввар ДОИР ШУД

     Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба 148-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, адиб, нависанда, академик ва аввалин Предиденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Садриддин Айнӣ дар оинаи таърих» бо иштироки аҳли илму адаби кишвар баргузор шуд.

Дар чорабинӣ забоншиносону адабиётшиносон доир ба хидматҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ суханронӣ карданд. Зикр шуд, ки хидматҳои ин абармарди миллати тоҷик дар рушди адабиёт ва забони тоҷикӣ мондагор буда, маҳз талошу заҳматҳои шоиста буд, ки миллати тоҷик ҳамчун дорои забон ва адабиёти бою ғанӣ шинохта шудааст.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён доир ба мавзуҳои «Устод Айнӣ ва ҳофизаи таърихии халқ», «Сеҳри сухан ва қудрати баёни устод Айнӣ», «Нақши асари замон дар осори устод Айнӣ», маърузаҳо карданд. Аз ҷумла зикр шуд, ки устод Айнӣ дар таърихи фарҳангу адаби муосири тоҷик бо осори гаронмояи адабию бадеӣ, афкори илмиву адабию эстетикӣ, ки фарогири ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллианд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Муҳимтар аз ҳама, ӯ ба ҳайси як равшанфикр ва адиби навовару воқеъбини замон дар таҳқиқи мушкилоти фикрӣ ва ақидагии замон саҳми арзанда гузошта, қадимӣ будани миллати тоҷикро дар ҷаҳон собит намуд ва нақши асари барҷастаи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» собиткунадаи мииллати бофарҳангу соҳибтамаддуни бостонии мо арзёбӣ мегардад.

 Дар даврони Истиқдлоли давлатӣ хизматҳои шоёни устод Айниро Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр намуда, соли 1997 аввалин унвони олии қаҳрамони Тоҷикистонро ба устод Садриддин Айнӣ сазовар донистанд.

Мавсуф умри худро дар пешбурди корҳои давлативу ҷамъиятӣ сарф намудааст. Акнун, кӯчаву хиёбон, муассисахои илмиву таълимӣ, ҷамоатҳо,ноҳия, дар ҳудуди пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба исми ин поягузори адабиёти навини тоҷик номгузорӣ шудааст. Дар фарҷоми ҳамоиш доир ба мавзуҳои матраҳгардида, миёни иштирокчиён табодули афкор ва муколамаи озод сурат гирифт.