Skip to content Skip to footer

 Бунёди маркази оши палов  дар Панҷакент

   Дар шаҳри Панҷакент, дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву фарҳангӣ идома дорад.  Яке аз чунин иншоот Маркази оши палов, рамзи таоми миллии тоҷикон ва ҷузъи фарҳанги ғайримоддии ба ЮНЕСКО воридгардида мебошад.  

          Бинои нави Маркази оши палов бо тарҳу навои миллӣ сохта шуда, яке аз иншооти ҷолиб ва муҳим дар самти рушди сайёҳӣ ва муаррифии фарҳанги  миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин бино аз 3-ошёна иборат буда, бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ  бунёд мегардад. Дар таҳрезии он ба нақшу нигори анъанавии тоҷикӣ диққати махсус дода шуда, намуди зоҳирии бино бозгуи фарҳангу тамаддуни кадимаи миллати тоҷик хоҳад буд.

Айни ҳол корҳои сохтмони дар арафаи анчомёбӣ карор доранд. Бино бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир сохта шуда дар баробари ин хувияти милли пурра нигох дошта мешавад.Иншоот на танхо хамчун маркази хуроквори балки хамчун макони фарханги ва чалби сайёхон хизмат хохад кард.