Skip to content Skip to footer

ДАР ХАТЛОН НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД

1 апрели соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи назаррас оғоз гардид. Тибқи иттилои масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ, нақшаи даъват дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро шуда, ҷавонони зиёде бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.

Зикр бояд, ки чунин нишондиҳандаи баланд бори чаҳорум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта мешавад. Ин дастовард аз сатҳи баланди омодагии ҷавонон, афзоиши эҳсоси ватандӯстӣ ва натиҷаи корҳои мунтазами тарбиявию фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Ба муносибати иҷрои пурраи нақшаи даъват дар рӯзи аввал дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар роҳпаймоии бошукӯҳ ва чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони сохторҳои низомӣ, фаъолони ҷомеа, падару модарон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Артиши миллӣ ба яке аз сохторҳои муҳими ҳифзи амнияти давлат табдил ёфта, ҷавонони шуҷоъ ва ватандӯсти кишвар вазифадоранд дар таҳкими иқтидори мудофиавии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бояд гуфт, ки иҷрои пурраи нақшаи даъват дар рӯзи аввал далели ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳарбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳолии вилоят буда, аз болоравии сатҳи худогоҳии миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони Хатлонзамин дарак медиҳад.