Хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» аз фанҳои забони англисӣ, математика, физика, биология, география, таърих ва барномасозӣ соҳиби 173 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» аз 24 то 30 марти соли 2026 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия аз фанҳои забони англисӣ, математика, физика, биология, география, таърих ва барномасозӣ барои хонандагони синфҳои 3–11 баргузор шуд.
Дар ин сабқати бонуфуз, ки бо иштироки намояндагони 18 давлати ҷаҳон доир гардид, хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дастаи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ соҳиби 173 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 31 медали тилло, 56 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ гардид.Ин дастоварди назаррас гувоҳи сатҳи баланди дониш, истеъдод ва омодагии хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро дар Тоҷикистон ба фанҳои дақиқ (физика, химия, биология ва математика) диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020–2040 дар ҷумҳурӣ «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидаанд.Маҳз ғамхории пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёдтар иштирок менамоянд.Ин дастовард нишони он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар мегардад. Хонандагони тоҷик бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё оид ба фанҳои табиӣ-риёзӣ рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

