Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон дар ноҳияи Варзоб бо табиати зебо ва фаъолияти Осоишгоҳи «Сароб» шинос шуданд.
Меҳмонон дар ин минтақаи Тоҷикистон бо табиати дилфиреб, куҳҳои сарбафалаккашида, манзараҳои нотакрор ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия шинос гардиданд.
Ҳамзамон барои меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Онҳо бо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои анъанавии халқи тоҷик шинос шуда, ба таомҳои миллии омодакардашуда баҳои баланд доданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Осоишгоҳи «Сароб» ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи табобатию истироҳатӣ дар баландии тақрибан 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, соли 2004 ба фаъолият оғоз намудааст. Осоишгоҳ бо шароити мусоиди истироҳат, табобати муосир ва муҳити солими табиӣ барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ аҳамияти калон дорад.
Инчунин дар ин рӯз хабарнигорони васоити ахбори оммаи Қирғизистон дар шаҳри Душанбе аз бозори «Меҳргон» боздид намуданд. Меҳмонон дар ин макон бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ шинос шуда, меваю сабзавот, зироати маҳаллӣ ва маҳсулоти коркарди деҳқонро аз наздик диданд.

