Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и пойтахт Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» дар фазои тантанавӣ ва идона баргузор гардид.
Фестивал бо ҳадафи муаррифии арзишҳои фарҳангӣ, ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ доир гардида, ба як майдони густурдаи муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон табдил ёфт. Дар доираи он гӯшаҳои намоишии шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил карда шуда, дар онҳо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои суннатӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ҳамзамон иштирокчиён ва меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо ойинҳои наврӯзӣ, расму суннатҳои қадима, бозиҳои миллии варзишӣ ва либосҳои миллии минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик шинос шаванд.
Қисмати муҳими чорабиниро баргузории Фестивали таомҳои миллӣ ташкил дод, ки дар он беҳтарин намунаҳои таомҳои анъанавии тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, оши палав, кулчаҳои идона ва дигар хӯрокҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд. Ин бахш ба муаррифии фарҳанги хӯрокпазии миллӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон мусоидат намуд.Барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва дастаҳои эҷодӣ фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.

